Дӯстони азиз ва Оилаи «Вавилон»!
Имрӯз рӯзи бузургу фаромӯшнашаванда аст. Мо 25-сола шудем! Ин як санаи оддӣ нест, балки марҳалаи муҳимест, ки рамзи солҳои меҳнати суботкорона, дастовардҳо ва саъю кӯшиш ба сӯи такомулу пешравиҳост.
Маҳз 25 сол муқаддам асос гузошта шуд, ки имрӯз «Вавилон-Т» ба як ширкати пешқадами телекоммуникатсионии Тоҷикистон табдил ёбад. Тай кардани ин роҳ осон набуд, аммо ба шарофати азми қавӣ, ҷасорат ва дурандешии онҳое, ки дар ибтидо дар саргаҳи ташкили чунин як ҷода қарор доштанд, ширкат тавонист ҳама мушкилотро паси сар кунад ва ба қуллаҳои баланд бирасад.
Якҷоя бо шумо муштариёни азиз, мо роҳи тӯлониеро тай кардем ва имрӯз омодаем, ки рушди онро идома диҳем, технологияҳои навро ҷорӣ кунем ва ҳалли беҳтаринро барои бароҳатии шумо пешниҳод кунем.
Ташаккур барои боварӣ ва дастгирӣ! Дар пеш уфуқҳои нав ба нав моро интизоранд ва мо дар оянда низ ҳаматарафа омодаем, ки ба шумо хизматрасониҳои босифати интернетиро бо сифати баланд дастрас намоем.
Ид муборак. «Babilon-T» - сифатро интихоб кунед!