07.05.2020. Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа муборак!

Муҳтарам кормандони радио ва соҳаҳои алоқа!


Ширкати «Вавилон-Т» ҳамаи Шуморо бо иди касбии Рӯзи радио ва тамоми соҳаҳои алоқа табрик ва таҳният мегӯяд. Алоқа яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, пешбурди ин соҳа, бахусус дар солҳои охир, дар солҳои илму техника ва технология аҳамияти стратегии худро собит сохт. Дар ин рӯзи муҳим ба ҳамаи шумо аз самими дил хушбахтии оилавӣ, илҳоми эҷодӣ, дастовардҳои нав ба нав ва нерӯву тандурустӣ таманно дорем.

Иди касбӣ муборак!