Мизоҷони муҳтарам!
Имрӯз барои ширкати мо санаи хеле муҳим аст ва мо мехоҳем ин рӯйдоди пуршукуҳро бо Шумо қисмат намоем. Аз рӯзи таъсиси ширкати «Вавилон-Т» 20 сол пур шуд.
Мехоҳем ба ҳамаи Шумо, ки ҳама нерӯву ҳастӣ ва қалби худро ба рушду шукуфоии ширкат равона кардед, инчунин ба тамоми кормандон барои заҳмате, ки дар тӯли ин 20 сол анҷом додаанд, миннатдорӣ баён кунем.
Изҳори сипоси худро пеш аз ҳама ба муштариёни муҳтарам ва азизи худ мерасонем. Дар тӯли 20- соли фаъолияти ширкат, маҳз муштариёни азизи мо водор намуданд, ки аз беҳтаринҳо бошем, моро ба он раҳнамо карданд, ки мо рақобатпазир бошем ва худро такмил диҳем. Ҳар яке аз шумо моро ба эътимод кардан водор намуд, ба қобилиятҳои мо илҳом бахшид ва моро барои пешрафт ташвиқ кард.
Ба ширкати «Вавилон-Т» муваффақияти бардавом, субот, дастовардҳои назарраси касбӣ ва кори пурравнақи гурӯҳиро таманно дорем!