Муштариёни мӯҳтарам!
Аз 07.08.2017 дар шӯъбаи муштариёни ҶДММ «Вавилон-Т» дар шаҳри Душанбе хизматрасонии нави «Ивазнамоии модеми WiMAX ба LTE» амал мекунад.
Ҳамагӣ бо 350 сомонӣ (бо назардошти ААИ) муштарӣ бар ивази модеми кӯҳнаи Wimax –и худ соҳиби модеми LTE мегардад, ки ба он дохил мешавад:
1. Модеми 4G LTE Huawei B310s-927 (Парус)
2. Нақшаи тарофавии пардохтшудаи EVO 1.
Суръат то - 40 Мбит/с.
Трафики пардохтшуда - 20 Гб.
Суръат ҳангоми ба итмом расидани трафики пардохтшуда - 128/128 Кбит/с.
Шумо метавонед, хангоми ба имом расидани трафик дилхоҳ тарифро аз тарофаҳои шабакавии LTE пайваст намоед, ё аз бастаҳои иловагии Интернетии 1 гб., 5 гб., 10 гб. харидорӣ намоед.
Тамғаҳои WiMAX модемҳое, ки иваз карда мешаванд:
1. Huawei BM-652w
2. Greenpacket DV-235
3. Greenpacket DX-230
Ҳангоми иваз намудани модеми Wimax, бояд худи модем, шартнома, блоки нерӯдиҳанда дар якҷоягӣ пешниҳод карда шаванд. Модем бояд дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта дошта, солҳои 2015, 2016 ва 2017 харидорӣ шуда бошад.