3-июни соли 2013 дар бинои асосии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи физиологияи нормалӣ маҳфили фарҳангиву фароғатии «Ҷилои бахт»-2013 баргузор гардид. Гузаронидани маҳфили фарҳангиву фароғатии «Ҷилои бахт», ки нахустин маротиба соли 2007 дар кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ гузаронида шуда буд, то ба имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар маҳфили фарҳангиву фароғатии «Ҷилои бахт»-2013 11 нафар беҳтарин донишҷӯён, ки дар байни 1500 нафар интихоб шудаанд, қувваозмӯӣ намуданд.
Ширкати «Вавилон-Т», ки миёни ҷавонони донишҷӯ шӯҳрати махсус дорад ва ҳамеша чорабиниҳои гуногуни ҷавононро сарпарастӣ мекунад, сарпарастии асосии маҳфили фарҳангиву фароғатии «Ҷилои бахт»-2013 –ро ба дӯш дошт.
Дар ҷамъбасти маҳфил намояндаи ширкати «Вавилон-Т «иштирокчиён ва ғолибонро табрик намуда ба Зулфалиев Шахбоз донишҷӯи соли 2-и гурӯҳи 30-юми факултаи тиббӣ, ки соҳиби ҷои аввал гардид, бастаи тӯҳфавии WiMAX: модеми WiMAX ВМ652 (бо пайвастнамоӣ ба НТ "CyberMAX 2" бо пардохти ройгон ба мӯҳлати 2 моҳ, дастгоҳи телефонии CyberCard бо номинали 10 сомонӣ) тақдим намуд.
Ба ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм Юлдошев Улуғбек донишҷӯи соли дуввуми гурӯҳи 5-и факултаи дандонпизишкӣ ва Савриддини Сулаймон донишҷӯи соли 2-юми гурӯҳи 39 факултаи тиббӣ як донагӣ USB CyberPhone (бо CyberCard номинали 10 сомонӣ) тақдим карда шуд.