Пур намудани тавозуни CyberPhone (NGN) ба воситаи портали www.homebank.tj «Казкомерcбонк»

 

Пур намудани тавозуни CyberPhone (NGN)  ба воситаи портали www.homebank.tj «Казкомерcбонк»

  Бо дархости зиёди муштариён ширкати «Вавилон-Т» дар якҷоягӣ бо ҶСП «Казкоммерцбонк Тоҷикистон» бори нахуст дар Тоҷикистон имконияти иловагиро барои пардохти хизматрасонии  CyberPhone (NGN бо  истифода аз портали молиявии ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон» www.homebank.tj ба роҳ монд.

  Минбаъд муштариёни «Вавилон-Т» метавонанд суратҳисоби худ ва дӯстони худро дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон ба воситаи корти пардохтии VISA аз ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон» пур намоянд. Барои ин басанда аст, ки корти пардохтии VISA аз бонки мазкур ва компютери ба Интернет пайваст кардашуда дошта бошед.

 

Барои истифода аз хизматрасонии мазкур зарур аст:

A.

Обуна шудан  ба хизматрасонии NGN CyberPhone ба воситаи занг ба Call Center –и Казкоммерсбонк:

1. Дар вақти дилхоҳ ба Call Center Казкоммерцбанк бо рақами (44) 620-40-40 занг занед;

2.Баъд аз ҷавоби  иттилоъдиҳандаи худкор зарур аст, ки рақами Идентификатсионӣ (ID номер)  ва 4 рақами рамзе, ки ҳангоми ба қайд гирифта шудан, дар портали www.Homebank.tj  дода шудааст, ворид намуда, ҷавоби операторро интизор шавед;

3. Баъд аз ҷавоби оператор зарур аст, ки ба ӯ дар бораи ID рақами худ, калимаи рамзӣ, 4 рақами охирини корт ва рақами CyberPhone (NGN) аз  Вавилон-T, ки минбаъд ба он маблағ мегузаронед,  маълумот дода, тасдиқи операторро интизор шавад, ки рақам ворид карда шуд.

Инчунин ба хизматрасонӣ ба воситаи www.homebank.kz  ба воситаи опсияи ба қайдгирии мустакилонаи хизматрасонӣ, баъд аз гузаштани марҳилаи ба қайдгирӣ мумкин аст.

B.

Пур кардани тавозуни CyberPhone (NGN)  Вавилон-T:

1.Ба портали молиявии Homebank (www.homebank.kz) ворид шавед, ID рақами худ ва рамзро ворид кунед.

2. Ба бахши «Услуги» ворид шуда, «Оплата услуге NGN CyberPhone «Babilon-T»-ро интихоб кунед.

3. Аз рӯйхат рақами телефонеро, ки ба он маблағ ворид намудан мехоҳед, интихоб кунед ва маблағи  интиқолшавандаро ворид намуда, тугмачаии «Далее»-ро пахш намоед.

4. Боварӣ ҳосил кунед, ки маълумоти ворид кардашуда боварибахш аст ва тугмачаи «Оплатить»-ро пахш кунед

5. Аз суратҳисоби Шумо маблағи интиқолӣ  ситонида мешавад ва баъд аз чанде ба телефон SMS-огоҳинома дар бораи қабули пардохт ворид мешавад.

 Санаи пардохт ва тафсилоти онро  дар бахши «Услуги» => «Архив платежей» бо пахши рақами пардохт (Сана, Кабулкунанда, Рамзи таранзаксия, раками муштарӣ ва ғайра) дидан мумкин аст.

 

Эзоҳ:

 

1. Ҳадди ақали маблағи пардохт – 5 сомонӣ.

2. Комиссия аз муштарӣ гирифта намешавад.

 3. Вобаста ба маъалаи пайвастшавӣ ба портали молиявии Homebank (www.homebank.kz) ба телефони  (44) 601-40-48 муроҷиат намоед.