«Вавилон-Т» - сарпарасти «Сомонаи бехтарини Навруз»

   5 апрели соли 2012 дар толори бинои Маркази такмили ихтисоси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур, ки ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бахшида шуда буд, бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» ва бо сарпарастии бузургтарин ширкати таъминкунадаи Интернет дар Тоҷикистон ҶДММ «Вавилон-Т», ширкатҳои телекоммуникатсионии «Вавилон-Мобайл» ва ҶСП «Tcell» гузаронида шуд.

 Озмуни «Беҳтарин сомонаи Наврӯз»-ро муовини  аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилов Фатҳиддин бо тантана оғоз намуда, ба ташкилкунандагон ва сарпарастони он изҳори сипос кард ва аз ҷумла зикр намуд:
-Инак соли дувувум аст, ки Вазорати маорифи кишвар ба хотири муаррифии Навр
ӯз, ки яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои тоҷикон буда, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст, чунин озмунро мегузаронад ва дар баробари ин бо ин роҳ ба кадрҳои ҷавону болаёқат дар соҳаи Технологияи иттилоотӣ имконият дода мешавад, ки худро муаррифӣ намоянд. Соли гузашта вақте аввалин маротиба чунин озмун гузаронида шуд, ба он 13 нафар довталабон сомонаҳои худро пешниҳод намуда буданд. Имсол хушбахтона шумораи сомонаҳои пешниҳодшуда ба 27 расид ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дониш ва малакаи техникии хонадагон бештар шуда, базаи техникӣ ва компютерӣ дар мактабҳо пурқувваттар гашта истодаанд. Аз ҳама ҷолиб он аст, ки дар озмуни имсола дар баробари шахсони алоҳида, мактабҳо донишгоҳҳо ва ҳатто баъзе ташкилотҳо ба таври дастҷамъона сомонаи худро пешниҳод карданд.
 Ин худ аз он гуво
ҳи медиҳад, таваҷҷӯҳ ба технологияи иттилоотӣ ва Интернет то рафт зиёд шуда истода, сатҳи дониш ва малакаи хонандагон то рафт баланд рафта истодааст. Яке аз ҳадафҳои аслии  Шӯрои Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф низ маҳз ҳамин аст, ки тамоми мактабҳо бо компютер муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба шабакаи Интернет пайваст карда шаванд.
 Исмоилов Фат
ҳуддин  дар фарҷоми сухан инчунин ба роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» барои пуштибонӣ аз ин иқдом аз номи худ ва ширкаткунандагон миннатдорӣ намуда, ба ҳамагон муваффақият хост.
     Баъдан намояндаи
p PR- менеҷери ширкати «Вавилон-Т» Холиқназар Ҷумъаев баромад карда, аз номи Директори генералии ширкат Беҳзод Файзуллоев ҳамагонро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфт ва ба ҳамаи ширкаткунандагон муваффақиятҳо хоста, зикр намуд, ки ширкати «Вавилон-Т» чун яке аз таъминкунадагони асосии Интернет дар Тоҷикистон ҳамеша чунин иқдомҳоро пуштибонӣ менамояд. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар чунин айём, ки технологияи иттилоотӣ рӯз ба рӯз авҷ гирифта истодааст, дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод хеле зарур буда, чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки савияи дониши ҷавонон ва мактаббачагон баланд бардошта шавад. Мавсуф зикр намуд, ки бо ин мақсад ширкати мо солҳои 2010-2011 бо ташаббуси худ бахшида ба 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва 100 солагии шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ду озмуни  «Сомонаи беҳтарин дар бораи Тоҷикитсон ва «Сомонаи беҳтарин дар бораи Мирзо Турсунзода»-ро доир намуд, ки дар он низ сомонаҳои зиёде пешниҳод шуда буданд. Ширкати Вавилон минбаъд низ чунин чорабиниҳоро идома хоҳад дод.
 Директори Маркази
ҷумхуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон Парвиз Латипов зикр намуд, ки  Дар озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои олӣ ва илмии шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд, ки дар маҷмӯъ 27 лоиҳаи беҳтарин ба озмун пешниҳод карда шуд.
Дар
ҷамъбасти озмун ҳамаи ғолибон бо мукофотҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Вавилон-Т» ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла «Барои ороиши беҳтарин (дизайн)», «Беҳтарин эҷодкор донишҷӯ», «Беҳтарин эҷодкор омӯзгор» телефонҳои мобилӣ аз «Вавилон-Мобайл» ва барои «Сайбер-малика», «Сайбер амир» USB-Телефонҳо аз  ширкати Вавилон-Т тақдим карда шуд. Рахмонзода Аслиддин донишҷӯи бахши саввуми донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат ҷоизаи махсуси кумитаи тадорукот USB-Телефон ва тӯҳфаҳои сувинирӣ аз Вавилон-Т шуд. Ғолиби ҷои аввал Сӯҳроб Ниёзов - лабаранти Мактаби ТИИ аз шаҳри Душанбе  соҳиби шоҳҷоиза 3-G модем аз ширкати «Вавилон - Мобайл» ва Ноутбуки аз Вазорати маориф гардид.
Дар инти
ҳо ҳамаи иштирокчиёни озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» бо тӯҳфаҳои сувинирӣ аз гурӯҳи ширкати «Вавилон» сарфароз гардонида шуданд.

Бо ҳамин озмуни «Беҳтарин сомонаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид.