Мачмуи хизматрасонихо барои муштариёни шабакаи CyberPhone(NGN)!

Муштариёни мӯҳтарами шабакаи CyberPhone (NGN)!!! Бори аввал дар Тоҷикистон: Маҷмӯи хизматрасониҳо дар алоқаи собит! Бо дархости зиёд танҳо барои муштариёни шабакаи CyberPhone (NGN) ширкати "Вавилон-Т" дар якҷоягӣ бо Контент-провайдери "V-Interactive" хадамоти навро ҷорӣ намуданд.: 1.) MobiLife 0931:муштариён метавонанд смс-хабарро гӯш намоянд ё худ хабари ба онҳо мақбулро ба дилхоҳ рақами телефони ширкати “Вавилон-Т” ирсол намуда, бозӣ кунанд ва изҳори мухаббат намоянд. Арзиши як дақиқа бо назардошти ААИ: 0,50 в.ш. 2.) Портали радиои Азия Плюс - 10700: муштариён метавонанд ба пахши мустакими радио ҳамроҳ шаванд, инчунин ҳамаи смс хабархоро гӯш намоянд ё худ хабари ба онҳо мақбулро ба телефони дилхоҳи муштариёни ширкати “Вавилон-Т” барои бозӣ ирсол намуда, изҳори муҳаббат намоянд. Арзиши як дақиқа: 0,30 в.ш. бо назардошти ААИ. 3.) Радио Тироз - 8884: ба муштарии даъваткунанда тавсия дода мешавад, ки бо хонаи пахши радиостансия ҳамроҳ шуда, дуруд бифиристад ва ё суруд фармоиш диҳад. Агар хати эфирӣ банд бошад ба муштарӣ тавсия дода мешавад, ки смс хабари худро дар шакли сабт гузошта, латифаҳои завқовар, бозиҳо, табрикот ва изҳори муҳаббатро гӯш намуда, суруд фармоиш диҳад. Арзиши 1 дақиқа: 0,50 в.ш. бо назардошти ААИ. 4.) Шиносоии Мобилӣ 8888: - хадамоти мазкур имконият медиҳад, ки одамон бо ҳамдигар шинос шаванд. Фақат зарур аст, ки бо гирифтани рақами кӯтоҳи 8888 анкетаи овозии худро гузоранд ва интизор шаванд то он лаҳзае, ки шахсе ба он мароқ зоҳир намояд. Инчунин мумкин аст, ки ӯ анкетаҳои иштирокчиёни дигарро гӯш намояд ва ба шахсе, ки ба ӯ махсус таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст смс хабари худро гузорад. Арзиши 1 дақиқа: 0,20 в.ш. бо назардошти ААИ. Шабакаи нав - имкониятҳои номаҳдуд!!!!