Ахбор

 

Шартҳои муҳим


Муштариёни мӯҳтарам! Ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки аз 1 октябр давраи ҳисоби Шумо дар асоси санаи охирини пардохт муқаррар карда мешавад.

Агар Шумо ҳаққи абонентиро дар рӯзи давраи ҳисоббаробаркунӣ пардохт накарда бошед, ҳангоми гузаронидани маблағ дар дилхоҳ рӯзҳои баъдӣ, ҳаққи абонентӣ бидуни тағйир додани мӯҳлати ҳисоб, пурра ситонида мешавад. Агар Шумо онро зиёда аз 30 рӯз истифода набаред, Интернети Шумо баста мешавад ва кушодани он пулакӣ аст. Хизматрасонии «Боз кардани Интернет» -бо назардошти ААИ 30 сомониро ташкил медиҳад. Агар Шумо бо сабаби таътил, сафар ва ғайра аз хидматрасониҳои Интернетӣ истифода бурдан нахоҳед, метавонед ба Call-Center бо рақами 44 600 60 60 занг занед ва ҳисоби шахсии худро ба таваққуф гузоред. Хизматрасонӣ ройгон аст.

БОЗИИ БУРДНОКИ iPhone 15

Мо БОЗИИ бурдноки iPhone 15-ро роҳандозӣ мекунем!

Ҳангоми пардохти саривақтии ҳаққи абонентии худ, Шумо рамз мегиред ва дар бозии бурдноки iPhone-ҳо иштирок мекунед. Ҳар як пардохти саривақтӣ рамзи иштирок дар бозии бурднокро пешниҳод мекунад. Агар Шумо ҳар моҳ ҳаққи абонентиро сари вақт пардохт кунед, ҳар дафъа боз як рамзи дигар мегиред. Ҳар қадаре пардохтҳои саривақтӣ зиёд бошанд, рамзҳои бештар ва имкониятҳои бештар барои ғолиб омадан пайдо мешавад. Дар маҷмӯъ 3 адад iPhone мавҷуд аст ва давраи бозӣ аз 1 ноябри соли 2023 то 17 марти соли 2024 аст. 18 март қуръакашӣ тариқи рандомайзер дар саҳифаи расмии Вавилон-Т баргузор мегардад: https://instagram.com/babilon.tajikistan?igshid=NzZlODBkYWE4Ng==

Дар зери мафҳуми пардохти саривақтӣ фаҳмида мешавад: бақияи мусбӣ ҳангоми ситонидани ҳаққи абонентӣ. Яъне, агар муштарӣ ҳатто барои як ё ду рӯз ё як моҳ пеш маблағро пардохт намояд ва дар вақти гирифтани пардохти абонентӣ, дар бақия маблағи лозима бошад, ӯ ба таври худкор РАМЗ мегирад. Ин хидматрасони танҳо барои шахсони воқеӣ пешниҳод карда мешавад.

ТАХФИФ ТО 22%

Мо инчунин низоми тахфифҳои ҷамъшавандаро оғоз мекунем: Агар пардохти абонентӣ сари вақт супорида шавад, тарофаи интихобкардаи муштарӣ барои моҳи оянда 2% тахфиф мегирад ва ҳар моҳи минбаъда тахфиф илова карда мешавад, ки он метавонад дар тӯли 12 моҳ 22% -ро ташкил диҳад. Тахфифҳо бо ҳар як пардохти саривақтӣ ҷамъ карда мешаванд, агар ҳаққи абонентӣ сари вақт пардохт нашавад, тахфиф бекор карда мешавад.

2%
4%
6%
8%
10%
12%
14%
16%
18%
20%
22%

Мутобиқи "Шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лотерея таҳти рақами BM 0053"